Вохӯрии фосилавии давлатҳои иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2020 DUBAI» доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии намояндагони кишварҳои иштироккунандаи «EXPO-2020 DUBAI», ки ба таври фосилавӣ зарфи чор рӯз — аз 24 то 27 август идома ёфт, 500 нафар намояндагони 180 давлати ҷаҳон ширкат намуданд, ки он як навъ нуқтаи назоратӣ барои ташкилкунандагони бузургтарин лоиҳаи намоишгоҳи «EXPO-2020 DUBAI» дар ҷаҳон мебошад.
Дар 5-умин вохӯрии фосилавии иштирокчиёни байналмилалии «EXPO-2020» Вазири корҳои хориҷии Аморати Муттаҳидаи Араб /АМА/ Шайх Абдулло бин Зайд Ал Наҳаён, котиби генералии Бюрои байналмилалии намоишҳо Дмитрий Керкентзес, инчунин Вазири таҳаммул ва хамзистии АМА, Комиссари генералии «EXPO 2020» Дубай, Президенти Департаменти авиатсияи граждании Амороти Дубай, Раиси Фурудгоҳи Дубай, директори иҷроия ва президенти «The Emirates Group», Раиси Олии кумитаи «EXPO 2020» Дубай, Вазири Давлатӣ оид ба ҳамкории байналмилалии АМА, Директори генералии «EXPO 2020» Дубай ва дигар намояндагони баландпояи АМА иштирок ва сухан карданд.
Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии «EXPO 2020» Ҷамшед Ҷумъахонзода иштирок намуд.
Ин мулоқот яке аз марҳилаҳои асосӣ оид ба омодагӣ ба гузаронидани Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO 2020 DUBAI» маҳсуб меёбад.
Дар вохӯрӣ иштирокчиёни байналмилалии Намоишгоҳи «EXPO-2020» масъалаҳои сохтмон ва иҷораи павилйонҳо, таҷҳиз ва ҷобаҷогузории нигораҳои намоишгоҳ, навсозии сомонаҳо ва асоси кори онҳо, амният, бақайдгирии кормандон ва меҳмонон, идоракунии павилйонҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, гузаронидани Рӯзҳои миллӣ, фаъолияти гӯшаҳои тиҷоратӣ, гузаронидани намоишгоҳҳои виртуалӣ, масъалаҳои вобаста ба такдими туҳфаҳои хотиравӣ ва армуғонҳо, муарифии хӯрокҳои миллӣ, нӯшокиҳо ва дигар масъалаҳои ташкилиро матраҳ намуданд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






