«Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Тоҷикистон 9 автобуси 8-метра ба фурӯш мебарорад
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Мерседес Бенс» иттилоъ додааст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ва пурра кушода шудани сарҳадҳо ба ширкати «Акиа» муҳаррики автобусҳои 8-метра равона месозад. Баъди равона кардани муҳаррикҳо корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш мебарорад. Ин хушхабар дар ҳолест, ки дирӯз, якшанбеи охири моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ таҷлил гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, муҳаррики автобусҳо аз тарафи ширкати германии «Мерседес Бенс» аввалан ба ширкати «Акиа»-и Ҷумҳурии Туркия таҳвил дода шуда, баъдан ба ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» равона карда мешаванд.
Корхонаи мазкур аз оғози фаъолият 300 автобус ва соли 2019 148 автобусро ба маблағи 141,7 млн. сомонӣ ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст. Дар айни замон нархи як адад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.
Дар 8 моҳи соли 2020 корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор, ки бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад, ба маблағи 9,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 4 трактор ва 6 ядак ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намуд. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 трактор ва мошинолоти кишоварзӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ин корхона моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, он дар як сол имкони васлу насби 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дорад.
Рӯзи мошинсозон иди касбии коргарон ва муҳандисони соҳаи мошинсозӣ буда, саноати мошинсозӣ як бахши бузург ва асосии иқтисодиёти кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.
Акс аз бойгонӣ








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






