Ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар ба ҳалли масоили обу барқ вобастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи комилан нави муносиботи боитминон дар масъалаи об ва барқ ворид мешаванд. Ин матлабро муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар Конфронси дурӯзаи байналмилалии «Саҳми роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи сафҳаи нави муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» иброз дошт.
Ба андешаи Парвиз Муҳаммадзода, истифодаи иқтидори азими гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бахши умдаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ тозаи дар кишварҳои минтақа масрафшаванда таъмин гардад.
Муҳаммадзода мӯътақид аст, ки дурнамои рушди ҳамгироии минтақавӣ ва амнияти минтақа бештар ба ҳалли минбаъдаи масоили об ва барқ вобастагӣ дорад.
«Дар оянда ҳалли маҷмӯии вазифаҳои гузошташуда ба истифодаи самараноки иқтидори обӣ ва барқӣ, рушди босуботи истифодаи обҳои фаромарзӣ, ки яке аз самтҳои муҳимтарини рушди иқтисодии кишварҳои минтақа мебошад, мусоидат хоҳад кард», — гуфт ӯ.
Муҳаммадзода афзуд, ки истифодаи муштараки захираҳои азим ва беназири минтақавӣ ва рушди муштарак метавонад татбиқи манфиатҳои миллии давлатҳои минтақаро дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва амният кафолат диҳад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об ва барқ мебошад ва ҳаҷми он ба андозаи 527 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад. Бахши асосии иқтидори об ва барқ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ шудааст. Аз лиҳози техникӣ захираҳои об ва барқи Тоҷикистон дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 млрд. кВт.соатро ташкил медиҳанд, ки то ҳол танҳо 4-5% онҳо истифода мешавад. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори об ва барқи худ пас аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол менамояд. Зиёда аз 95 фоизи асоси об ва барқи Тоҷикистонро неруи барқ ташкил медиҳад.
«Иқтидори об ва барқи Тоҷикистон аз истеъмоли кунунии неруи барқ дар тамоми Осиёи Марказӣ се маротиба зиёдтар аст», — гуфтанд дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар сурати истифодаи самараноки ин захираҳо минтақа метавонад бо неруи арзон ва тоза таъмин карда шавад.








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






