Аз аввали сол дар Тоҷикистон қариб 800 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то 11 сентябр ҳудуди 800 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар 300 ҳазору 304 гектар ғалладона кишт шуда буд.
То 11 сентябр зироати ғалладонагӣ аз майдони 275 ҳазору 817 гектар ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳаҷми умумии ҳосили ғалладона то ин давра 799 ҳазору 924 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 35 ҳазору 149 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки кишоварзони Тоҷикистон соли 2019 858,4 ҳазор тонна ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ карда буданд, ки аз нишондиҳандаи соли 2018 21% зиёдтар буд.








Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид






