Ба истифода додани роҳи мошингарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамзамон роҳи 7-километраи шаҳраки Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд. Роҳи мазкур, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой пайваст мекунад, солҳо таъмирталаб буд ва ба бошандагони ин деҳаҳо мушкилӣ эҷод мекард. Акнун баъд аз навсозӣ гардидани роҳ мушкилоти сокинон бартараф шуда, барои ҳаракати мунтазами нақлиёт мусоид гардонида шуд.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур маркази ноҳияро бо мавзеи Чилдухтарон пайваст менамояд. Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт ба мавзеи Чилдухтарон ва маркази ноҳия дар назар дошта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 21 километр идомаи роҳи мазкур пурра навсозӣ гардида, ба ин васила барои ҳаракати шабонарӯзии нақлиёт имконоти мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки корҳои таъмирию навсозӣ дар ин масир соли равон оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки бо мақсади боз ҳам равнақ додани корҳои созандагӣ масъулияти баланд ҳис намуда, дар ободии мамлакат саҳм гузоранд.
Дар ноҳияи Мӯъминобод корҳои таъмиру барқароркунии роҳҳои маҳаллӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 167 километр роҳҳои ҳудуди ноҳия ва дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ таъмиру навсозӣ карда шаванд. То имрӯз беш аз 40 километр роҳҳои ноҳиявӣ таъмир карда шудаанд.









Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд






