Барои беҳтарин мақолаи публитсистии «Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» озмун эълон гардид

Сентябрь 17, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публитсистиро миёни ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» эълон менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи  мазкур хабар доданд.

«Мақсад аз эълон намудани озмуни мазкур талқин ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад», — афзуд манбаъ.

Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро  ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 ноябри соли равон тариқи почтаи электронии tjavononi@gmail.com ва тариқи хаттӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон, № 6 равон намоянд.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин  мақолаи публитсистӣ дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Сентябрь 17, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст