Беш аз 10 тонна маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 10 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз тарафи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба тариқи сӯзонидан нобуд карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба зикри сардори шуъбаи назорати давлатии фарматсевтии Сарраёсат Одина Шарифзода, беш аз 9 тонна маводи тиббии нобудшударо ширкатҳои фарматсевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ тавассути мактуб барои нобуд кардан ба сарраёсат супориданд.
«Дар қиёс ба солҳои пешина маданияти соҳибкорон ва масъулини муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ хеле баланд гардидааст. Вақте маводи доруворӣ ва молҳои тиббиеро, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, аз муомилот гирифта, бо мактуб ба Сарраёсат барои безарар гардонидан супорида мешаванд»,- гуфт Одина Шарифзода.
Ҳоло аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон корҳои назоратӣ пурзӯр карда шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ роҳандозӣ шудаанд.








Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






