Беш аз 10 тонна маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуданд

Сентябрь 10, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 10 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз тарафи  Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба тариқи сӯзонидан нобуд карда  шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба зикри сардори шуъбаи назорати давлатии фарматсевтии Сарраёсат Одина Шарифзода, беш аз 9 тонна маводи тиббии  нобудшударо ширкатҳои фарматсевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ тавассути  мактуб барои нобуд кардан ба сарраёсат супориданд.

«Дар қиёс ба солҳои пешина маданияти соҳибкорон ва масъулини муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ хеле баланд гардидааст. Вақте маводи доруворӣ ва молҳои тиббиеро, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, аз муомилот гирифта, бо мактуб ба Сарраёсат барои безарар гардонидан супорида мешаванд»,- гуфт Одина Шарифзода.

Ҳоло аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон корҳои назоратӣ пурзӯр карда шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ  роҳандозӣ шудаанд.

Сентябрь 10, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд