Бо муътадил шудани вазъияти эпидемикӣ ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсия ба Душанбе меояд

Сентябрь 15, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Франсия ҳамкориро дар бахши соҳибкорию сармоягузорӣ тақвият мебахшанд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Франсия, ки тариқи фосилавӣ доир гардид, матраҳ шуд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади пайгирии натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия, ки зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Франсия  моҳи ноябри соли 2019 доир гардида буд, анҷом дода шуд.

Дар ҷаласаи фосилавӣ, ки бо ташаббуси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Франсия (МЕДЕФ) баргузор гардид, роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши хусусии ҳарду давлат  иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Франсия аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  барои соҳибкорону сармоягузорони Франсия рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, аз онҳо  барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон  даъват ба амал оварда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Франсия захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта муаррифӣ гардид.

Роҳбари Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Франсия  иброз намуд, ки баробари ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ вобаста ба пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон омода аст ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсияро ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд.

Видеоконфронс дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубодилаи хубу доманадори афкор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.

Сентябрь 15, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд