COVID-19. Раиси «Амонатбонк» ва ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таъсири коронавирус ба фаъолияти низоми бонкӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Сентябрь 5, 2020 12:39

ДУШАНБЕ 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси  Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»  Сироҷиддин Икромӣ дар мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал аз таъсири манфии пандемияи COVID-19  ба фаъолияти бонкии Тоҷикистон таъкид кард,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти бонк.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисодӣ дар ҷаҳон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро баҳри пешгирии таъсири манфии пайомадҳо ба фаъолияти ин бонк  баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин инчунин перомуни масъалаҳои марбут ба таъсири манфии COVID-19  ба фаъолияти бонкӣ, вазъи сармоя ва пардохтпазирӣ, дороиҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳкими идоракунии хавфҳо, фаъолияти «Корти миллӣ» дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳолати қарздиҳӣ ва истифодаи Бюрои қарзӣ   изҳори андеша карда шуд.

Зимни мулоқот раиси «Амонатбонк»  иброз доштааст, ки   Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки бо  Хазинаи байналмилалии асъор  ҳамкориро дар самтҳои мухталиф барои бартараф намудани пайомадҳои манфӣ ба иқтисодиёт ва пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ густариш диҳад.

Сентябрь 5, 2020 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид