COVID-19. Раиси «Амонатбонк» ва ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таъсири коронавирус ба фаъолияти низоми бонкӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал аз таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба фаъолияти бонкии Тоҷикистон таъкид кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти бонк.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисодӣ дар ҷаҳон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро баҳри пешгирии таъсири манфии пайомадҳо ба фаъолияти ин бонк баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин инчунин перомуни масъалаҳои марбут ба таъсири манфии COVID-19 ба фаъолияти бонкӣ, вазъи сармоя ва пардохтпазирӣ, дороиҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳкими идоракунии хавфҳо, фаъолияти «Корти миллӣ» дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳолати қарздиҳӣ ва истифодаи Бюрои қарзӣ изҳори андеша карда шуд.
Зимни мулоқот раиси «Амонатбонк» иброз доштааст, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самтҳои мухталиф барои бартараф намудани пайомадҳои манфӣ ба иқтисодиёт ва пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ густариш диҳад.









Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Дар ноҳияи Зафаробод ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
Дар Бохтар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ шуд
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Шумораи гармхонаҳои доимамалкунандаи Тоҷикистон 1028 ададро ташкил медиҳад
Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор тавсеа меёбад
Дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд дар соҳаи обрасонӣ ва санитария баррасӣ шуд
Кишоварзони Тоҷикистон дар майдони беш аз 180 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2439 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон низоми электронии E-PERMIT ба кор дароварда шуд






