Дар Донишгоҳи тиббӣ ҳамоиши кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо мақсади ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ ҳамоиши кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни ҳамоиш муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ризо Назарзода сухан гуфта, номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҳамчун номзади арзандаву беназир ҷонибдорӣ намуд.
Дар ҳамоиш аз номи кулли кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон изҳорот қабул гардида, иштирокчиёни ҳамоиш номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамовозии дастаҷамъона дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14–уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида буд.









Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






