Дар Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

Сентябрь 29, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақшаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Кори ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо мулоқоти ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар доираи маҳдуд оғоз гардид.

Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар панҷгонаи шарикони хориҷии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор дошта, гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми гардиши савдо бо Ӯзбекистон зиёда аз 217 миллион долларро ташкил медиҳад.

Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ҳашт моҳи соли равон содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 164,6 миллион долларро ташкил намудааст.

Ба даст омадани натиҷаи неки ҳамгироӣ миёни ин ду давлати  дӯст исботи сиёсати муваффақонаву дурбинонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон буда, ба хотири тақвият бахшидани ҳамкории стратегӣ амалисозии тадбирҳои нишонрас ҷараён дорад.

Ҷонибҳо аснои баргузории ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳангро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Комиссия ҳамчун василаи муҳим ва самараноки рушди ҳамкории иқтисодӣ фаъолият намуда, баргузории ҷаласаи навбатӣ дар такон бахшидани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминаи созгор фароҳам меорад.

Ҳамчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳи баланд доир гашта, дар охири кори ҷаласа ҷонибҳо аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссия қарорҳои зарурӣ ба имзо расониданд.

Сентябрь 29, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд