Ҳамоиши олимон ва дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳамовозӣ ба Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ ҳамоиши олимон ва дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни ҳамоиш раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон Рустам Наботӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Гулмаҳмад Мирзозода ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Лоҳутӣ Шарифзода сухан гуфта, номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҳамчун номзади арзандаву беназир ҷонибдорӣ намуданд.
Дар охири ҳамоиш аз номи кулли олимони ҷавон ва ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ вобаста ба номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон изҳорот қабул гардида, иштирокчиёни ҳамоиш номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамовозии дастаҷамъона ҷонибдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14 ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






