Дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 29.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) Михаел Шпиделеггер Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки дар асоси ин санад дар шаҳри Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират (Migrant Recourse Centre) таъсис дода мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур, барои самаранокии идоракунии муҳоҷират, такмили минбаъдаи сиёсати миллии муҳоҷират, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба хориҷи мамлакат ва баъди бозгашт ба Ватан, баргузор намудани семинарҳои омӯзишию тренингҳо барои кормандони сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти муҳоҷират, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, ташкили машварату ҷамъомадҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва омӯзиши қонунгузории давлатҳои қабулкунанда ҷиҳати ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ баргузории чорабиниҳо дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки МБРСМ ҳамчун ташкилоти махсуси байналмилалӣ 1 майи соли 1993 дар шаҳри Вена таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 50 давлати Аврупо ва кишварҳои Роҳи абрешим, инчунин 10 ташкилоти байналмилалӣ иштирокчиёни он мебошанд. Фаъолияти МБРСМ ба таҳияи системаҳои ҳамаҷониба барои таъмини муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ дар кишварҳои аъзо равона шуда, бунёди дарозмуддати ҳамкории шарикиро дар ин самт бо кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Роҳи абрешим амалӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб ба Маркази байналмилалии мазкур шомил гардида, намояндагони сатҳи гуногуни соҳаи муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳо ва дигар барномаҳои он фаъолона иштирок доранд, ки ин ба рушди сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






