Дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид

Сентябрь 17, 2020 16:25

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ду давлат  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳоро мутаносибан Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон Ҳаниф Атмар роҳбарӣ карданд. Баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногун, инчунин табодули афкор дар мавриди вазъи минтақа ва ҷаҳон меҳвари мулоқоти Душанберо ташкил доданд.

Роҳбарони ҳайатҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ байни ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ин замина аҳамияти суҳбати телефонии роҳбари ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ашраф Ғанӣ, ки 21 августи соли 2020 сурат гирифт, таъкид гардид. Тоҷикистон ба густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо кишвари дӯсти Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар мулоқот зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду давлати ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд. Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни ду давлат мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду давлат бояд афзояд.

Дар баёнияи матбуотӣ аз натиҷаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла гуфта мешавад, ки Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки 12 сентябри соли 2020 дар Давҳа оғоз гардид, истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида заминаи мустаҳкам гузорад.

Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад. Тоҷикистон ба масъалаҳои мазкур дар давраи раёсати кунунии худ дар Қалби Осиё – Раванди Истанбул таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Ҷаҳон имрӯз шоҳиди низоъҳои хунин дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногун, афзоиши фаолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ташдиди рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ мебошад. Ин падидаҳо, бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақаи мо таҳдиди ҷиддӣ дошта метавонанд. Дар ин росто зарур медонем, ки барои нобуд сохтани пойгоҳҳои террористон, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва қочоқчиёни маводи мухаддир иқдомҳои муштарак роҳандозӣ шаванд.

Тоҷикистон моил аст, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории дуҷониба бо Афғонистонро таҳким ва вусъат бахшад. Ҳоло дар баррасии ҷонибҳо пешнависи чандин санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор доранд.

Дар ҳамкории ду давлат соҳаи энергетика аз самтҳои авлавиятнок ба шумор меравад. Тоҷикистон омода аст барои таъмин ва афзоиши интиқоли мунтазами неруи барқ ба Афғонистони ҳамсоя тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин замина ҳамкории ду давлат дар амалисозии муштарак ва ҳарчи зудтари лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 аҳамияти фаровон дорад.

Тоҷикистон талош дорад, ки долонҳои нави нақлиётӣ байни давлатҳои мо сохта шаванд ва лоиҳаҳои мутақобилан судманди минтақавӣ амалӣ гарданд. Дар робита ба ин, эҷоди долони транзитии KTAI (Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон)-ро ҳаматарафа ҷонибдорӣ карда, баҳри фаъолияти босамари он ҳамаи шароити заруриро муҳайё менамояд.

Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.

Тоҷикистон ва Афғонистон давлатҳои дорои пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, маънавӣ ва ҳунарӣ мебошанд. Тоҷикистон омода аст ёрии худро ба Афғонистон дар таҳия намудани кадрҳои миллӣ идома диҳад. Ҳоло дар донишгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо донишҷӯи афғон дар асоси бурсияҳои ҳукумати Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд.

Дар поёни мулоқот дар ҳузури роҳбарони ду ҳайат Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба имзо расид.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 17, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд