Дар Хуросон дар муддати кӯтоҳ шаҳраки замонавӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 2, 2020 08:42

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон шаҳраки нави замонавиро, ки барои сокинони аз сел дар моҳи майи соли равон осебдида бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани шаҳрак раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ширкат варзиданд.

Аз ҷумла, барои сокинони ноҳия 67 хонаи истиқоматӣ ва маркази тиббӣ бо сифати баланд бунёд шудаанд.

Бо пешниҳоди Сарвазир тасмим гирифта шуд, ки ба шаҳраки бунёдшуда номи нав дода шавад: — шаҳраки «30-солагии Истиқлолияти давлатӣ», ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон.

Дар шаҳраки нав корҳои рангуборкунии сартарошхона, маркази савдо ва дорухона идома доранд, 1,4 километр роҳ асфалтпӯш шудааст, барои бо об таъмин кардани аҳолӣ 18 чоҳ канда, ду трансформатор ва 83 сутуни баландшиддат насб шудаанд.

Дар навбати худ, сокинон ба Ҳукумати мамлакат барои кумаки расонидашуда дар чунин муддати кӯтоҳ самимона изҳори сипос намуданд.

Сентябрь 2, 2020 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид