Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 3, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори 25-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қисми низомии Гвардияи миллии шаҳри Бӯстон  ҳамоиш доир шуд. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода номаи табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сарбозону афсарон расонида, ба онҳо хизмати хубу бобарор таманно намуд.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода низ хизматчиёни ин ниҳодро бо ҷашни касбияшон таҳният гуфта,​ ба як гурӯҳ сарбозону афсарони пешсаф туҳфа ва сипосномаҳои Раиси вилоятро  тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки​ 3 сентябри соли 2020 аз таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ​ гардид. Ин сохтори низомӣ​ зодаи даврони Истиқлол буда, ташкил ва такмили он бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ​ Раҳмон бо марҳилаҳои мустаҳкамшавии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ​ дорад.

Сентябрь 3, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид