Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори 25-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Гвардияи миллии шаҳри Бӯстон ҳамоиш доир шуд. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода номаи табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сарбозону афсарон расонида, ба онҳо хизмати хубу бобарор таманно намуд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода низ хизматчиёни ин ниҳодро бо ҷашни касбияшон таҳният гуфта, ба як гурӯҳ сарбозону афсарони пешсаф туҳфа ва сипосномаҳои Раиси вилоятро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки 3 сентябри соли 2020 аз таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ гардид. Ин сохтори низомӣ зодаи даврони Истиқлол буда, ташкил ва такмили он бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо марҳилаҳои мустаҳкамшавии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






