Дар Кӯлоб масъалаи ободонии шаҳр баррасӣ шуд
БОХТАР, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласа оид ба ободонии шаҳри Кӯлоб 5 сентябр таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Кӯлоб Абдуқодир Вализод баргузор гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Дар ҷаласа масоили вобаста ба таъмири роҳҳо, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва назорати истифодаи он, сабзазоркунии кӯчаҳои шаҳру деҳот ва чароғонкунии ҷодаҳо баррасӣ шуданд.
Ба масъулини сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ фаъолият намуда, корҳои маҷмӯии сохтмониро дар иншооти ба нақша гирифташуда анҷом диҳанд. Ба гурӯҳҳои корӣ тавсия дода шуд, ки ба тозагии шаҳр ва тартибот диққати махсус диҳанд, дар байни сокинон оид ба риояи тартибот корҳои тавзеҳотӣ баранд.
Дар хотима зикр карда шуд, ки то 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои атрофи он бояд ба куллӣ тағйир дода шавад, коргоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ бунёд ва дар ин замина сатҳи зиндагии сокинон баланд бардошта шавад.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид






