Дар Кӯлоб масъалаи ободонии шаҳр баррасӣ шуд

Сентябрь 7, 2020 09:10

БОХТАР, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласа оид ба ободонии шаҳри Кӯлоб  5 сентябр таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Кӯлоб Абдуқодир Вализод баргузор гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Дар ҷаласа масоили вобаста ба таъмири роҳҳо, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва назорати истифодаи он, сабзазоркунии кӯчаҳои шаҳру деҳот ва чароғонкунии ҷодаҳо баррасӣ шуданд.

Ба масъулини сохторҳои марбута  супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ  фаъолият  намуда, корҳои маҷмӯии  сохтмониро дар иншооти ба нақша гирифташуда анҷом диҳанд. Ба гурӯҳҳои корӣ тавсия дода шуд, ки ба тозагии шаҳр ва тартибот диққати махсус диҳанд, дар байни сокинон оид ба риояи тартибот корҳои тавзеҳотӣ баранд.

Дар хотима зикр карда шуд, ки то 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои атрофи он бояд ба куллӣ тағйир дода шавад, коргоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ бунёд ва дар ин замина сатҳи зиндагии сокинон  баланд бардошта шавад.

Сентябрь 7, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд