Дар Кӯлоб Намоиши нигоҳдории растаниҳои худрӯй доир гардид
КӮЛОБ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳ таҳти унвони «Намоиши нигоҳдории растаниҳои худрӯй дар минтақаи Кӯлоб» баргузор гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин ҷамъомад ба ҳозирин оид ба растаниҳои нодири маҳвшаванда, ки дар минтақаҳои мушкилгузари кӯҳии вилояти Хатлон мерӯянд, ба воситаи аксҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ҳанӯз соли 1985-и қарни гузашта таъсис дода шуда, инак беш аз 35 сол мешавад, ки дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун маркази илмии вилояти Хатлон фаъолият мекунад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии ин маркази илмӣ парвариш ва нигоҳубини растаниҳое мебошад, ки онҳо маҳз дар минтақаи субтропикии Кӯлоб сабзиш мекунанд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби муҳаққиқон иттилоъ дода шуд, ки беш аз 200 намуди растаниҳои эндемикии минтақаҳои кӯҳии вилояти Хатлон маҳз дар минтақаҳои кӯҳии Кӯлоб нашъу намо доранд. Қисмати зиёди ин растаниҳо дар минтақаҳои мушкилгузари ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин мерӯянд ва давоми 5 соли охир аз ҷониби муҳаққиқону олимони боғи Ботаникии шаҳри Кӯлоб дар бораи онҳо маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ карда шуданд.
Зимнан ба корҳои анҷомдодашудаи масъулони боғи ботаникӣ аз ҷониби олимони шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд дода шуда, ҷиҳати тақвият додани фаъолияти боғи ботаникӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Тавре ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов иттилоъ дод, Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб маркази илмии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар ин мавзеъ ба ғайр аз чорабиниҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамчунин барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯёну омӯзгорон пайваста баргузор мешаванд.
Ба гуфти масъулини боғи мазкур, намоиши аксҳои растаниҳои худрӯй ва воситаҳои нигоҳубини он рӯзҳои баъдӣ низ идома меёбад. Дар фарҷоми сессияи сайёри шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, аз ҷониби олимон ва муҳаққиқони соҳа ба кори анҷомдодаи масъулини боғи ботаникӣ баҳои баланд дода шуд.
Таъкид гардид, ки маълумоти ҷамъовардашуда на танҳо барои донишҷӯёни факултаи биология, балки барои дигар донишҷӯён низ намоиш дода шавад, то онҳо нисбат ба растаниҳои нодиру маҳвшаванда маълумоти зарурӣ дарёфт кунанд.








Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд






