Дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Мо ба озмун тайёрем» маҳфил доир гардид

Сентябрь 4, 2020 10:28

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  3 сентябр  бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони  «Мо ба озмун тайёрем» маҳфил доир гардид.

Тавре аз Китобхонаи миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини аввали директори Китобхона Салима Раҷабзода   аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, зикр намуд, ки истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам оварда, роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҷумҳуриро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз намуд.

«Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардида, дар соҳаи китобдорӣ рушду равнақи бесобиқа ёфт. Аз ҷумла баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» дар саросари ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат  далели равшани таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳангу маънавиёт мебошад»,- гуфт номбурда.

Дар маҳфил як гурӯҳ иштирокчиёни озмун  порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад.

Озмун аз чор давр иборат буда, моҳи декабр ҷамъбаст мегардад.

Сентябрь 4, 2020 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид