Дар Маҷлиси намояндагон конференсияи онлайнии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ баргузор гардид

Сентябрь 15, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз конференсияи онлайнии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз  Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик иттилоъ дод.

Дар мулоқоти маҷозӣ тарафҳо доир ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суҳбат намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯст дар марҳилаи навин аз рушди иқтисоду тиҷорат то шарикии стратегӣ расида, дар беҳтар гардидани сатҳи муносибатҳои тарафайн ва зиндагии шоистаи мардумони кишварҳо нақши созгор гузоштаанд.

Муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ва ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон аз ҳамкории давлатҳои Ӯзбекистон ва  Тоҷикистон дар марҳилаи навин ситоиш намуда, зикр кард, ки “ин шакли муносибат аз мо, вакилони мардумӣ тақозо менамояд дар раванди кори худ ба дӯстии давлатҳоямон равнақ бахшем”.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилрабо Мансурӣ изҳор намуд, ки “рушди муносибатҳои тарафайн аз муносибатҳои неку дурбинонаи Сарварони ду давлати ба ҳам дӯст- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, дар тамоми самтҳои муносибатҳои давлатдориямон дастовардҳо ба бор овардааст”.

Мавсуф таъкид намуд, ки “мо ба муносибатҳои неки ҳамсоядориямон ҳамеша арҷ гузошта, талош менамоем ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат намоем”.

Ҳамзамон доир ба табодули таҷрибаи тарафайн дар рушди қонунгузорӣ ва парламентаризм суҳбатҳо доир гардид.

Сентябрь 15, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид