Дар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 4, 2020 15:25

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода тасдиқномаи бақайдгирии субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро ба соҳибкори ватанӣ- роҳбари ҶДММ «Тоҷик Алмос» Хайриддин Бобоев супорид. 

Ин тадбир бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои протоколии Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешида шудааст.

Ҳамзамон Созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешбурди фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» байни роҳбарони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Мустафо Абдуллозода ва  ҶДММ «Тоҷик Алмос» Хайриддин Бобоев ба имзо расид.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои мошин дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» дар майдони 1 гектар ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои намудҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад. Корхона пурра бо технологияи  муосир муҷаҳҳаз гардида, арзиши умумии он беш аз 1,5 миллион сомонӣ аст. Интизор меравад, ки корхона дар зарфи 1-1,5 сол ба истифода дода шавад. Дар он зиёда аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор ва музди меҳнат таъмин мегарданд.

МОИ «Кӯлоб» дар майдони 309 гектар соли 2019 таъсис дода шуда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ –«Суғд, «Панҷ», «Данғара», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис дода шудаанд, ки МОИ «Суғд» ва «Данғара» аз минтақаҳои озоди иқтисодии фаъол маҳсуб меёбанд.

Сентябрь 4, 2020 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд