Дар МОИ «Кӯлоб» Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат ба содироти маҳсулоти сайёҳӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат ба содироти маҳсулоти сайёҳӣ тавассути МОИ «Кӯлоб» бунёд мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини МОИ «Кӯлоб» иттилоъ доданд, бо ин мақсад бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкории зич бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ лоиҳаи бунёди Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат ба содироти маҳсулоти сайёҳӣ тавассути МОИ «Кӯлоб» тарҳрезӣ гардидааст, ки рӯзҳои наздик тибқи тартиби муқарраргардида, ба воситаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ба шарикони рушд барои дарёфти сармоягузорӣ пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳаи бунёди марказ бо тарзи замонавӣ ва санъати миллӣ омода гардидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди ошхона барои 40 ҷой ва ҳаммом, дар ошёнаи якум утоқҳои чакандӯзӣ (барои 15 ҷой), кулолгарӣ (7 ҷой), заргарӣ (8 ҷой), кандакорӣ (8 ҷой,) маҷлисгоҳ (11 ҷой), утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм марказҳои тренингӣ (30 ҷой) ва нашриёт (полиграфия- 4D) дар назар аст.
Чанде пеш Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз мавзеи ҷойгиршавии МОИ «Кӯлоб» боздид намуд.
Ҳадафи асосии боздид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири мамлакат вобаста ба бунёд намудани марказҳои нави омӯзишӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва содироти он ва ба ин васила ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тавассути истифодаи васеи имтиёзҳои андозию гумрукии МОИ «Кӯлоб» маҳсуб меёбад.
Зимни боздид иброз гардид, ки дар шароити зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии КОВИД-19 ва болоравии сатҳи бекорӣ дар тамоми ҷаҳон бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат бояд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили ҷумҳурӣ диққати махсус дода шавад. Дар навбати худ татбиқи амалии лоиҳаи мазкур метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани шиддати иҷтимоии аҳолӣ, хусусан дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақа мусоидат намояд.








Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар шуд
Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад






