Дар Муъминобод Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил ба қабули шаҳрвандон оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод шурӯъ аз моҳи сентябр Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил бо иқтидори 130 воҳиди корӣ ва 100 кат ба қабули шаҳрвандон оғоз намуд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
— Имрӯзҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ беморон ва шахсоне, ки баъди табобати бемории дил аз бемористонҳо ба хонаҳояшон рухсат гирифтаанд, ба ин муассиса барои истироҳат меоянд ва аз хизматрасониҳои табибон бисёр қаноатманданд, — иброз намуд Бахтовари Диловар.
Муассисаи мазкур бо таҷҳизоти пешрафтаи соҳаи тиб муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он беҳтарин табибони соҳаи дил (кардиологҳо) ба кор ҷалб карда шудаанд.
Ҳамчунин ин макон барои рушди соҳаи сайёҳӣ бисёр муфид буда, сайёҳонро аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он ба ноҳия ҷалб менамояд, ки инро сайёҳии табобатӣ меноманд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






