Дар ноҳияи Спитамен бо ташаббуси Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ гардид

Сентябрь 29, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, Вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси шӯрои Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекистон темир йулларӣ» Хуснутдин Хасилов, ҳайатҳои расмӣ, намояндагони аҳли илму маорифи давлатҳо, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 28 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, синфхонаҳои забономӯзӣ, санъати тасвирӣ, устохонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, дафтарҳои кории директору омӯзгорон, ошхона, толори варзишии пӯшида, майдони берунӣ ва китобхонаи замонавӣ мебошад. Дар муассисаи таълимӣ тамоми шароит барои омӯзиши хонандагон фароҳам оварда шудааст.

Зимни ифтитоҳи муассиса меҳмонон аз синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ, синфхонаҳои забономӯзӣ, ошхона, маҷлисгоҳ, варзишгоҳ, толори варзишӣ ва шароити кору таҳсил дар муассиса ва сифати корҳои сохтмонӣ дидан карда, бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса суҳбат намуданд. Хонандагон зимни мулоқот бо намояндагони ҳукуматҳои ҳарду давлат барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори сипос намуданд.

Солҳои охир муносибатҳои ду мамлакат бештар гардида, самтҳои нави ҳамкорӣ барои манфиатҳои мардумони ҳарду давлат  амалӣ мешаванд. Ин ҳамкорӣ дар баробари бисёр соҳаҳо маорифро низ фаро мегирад.

Зикр шуд, ки бунёди муассисаи мазкур баёнгари дӯстии пояндаи ҳарду миллат буда,  дар чунин шароит аҳли маориф  барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишу тарбия донишу маҳорати хешро истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо саҳми Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекистон темир йулларӣ» анҷом ёфта, дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутахассисони ин ҷумҳурӣ ширкат  варзиданд.

Сентябрь 29, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид