Дар Сари Хосор сайру саёҳати сафарӣ ва Этно – фестивал доир гардид

Сентябрь 7, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими рушди саёҳати дохилӣ ва муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат 5-6 сентябр Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташаббускорони лоиҳаи HICA «Hi, Central Asia» ва ширкати «Go Travel Tajikistan» дар мавзеи сайёҳии Сари Хосори ноҳияи Балҷувон сайру саёҳати сафарӣ ва Этно-фестивал ташкил намуд. Ҳайати сайёҳон ва иштирокдорони фестивал аз намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёну аспирантҳои Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон иборат буд.

Дар доираи сафар сайёҳон аз чанорҳои кӯҳани мавзеи Даштаи ноҳияи Балҷувон дидан намуданд. Тибқи барномаи фестивал, шабона меҳмонон дар майдони кушоди меҳмонхонаи Сари Хосор гулхан афрохта, дар атрофи он шеъру сурудхонӣ ва рақсу бозӣ карданд.

Субҳи содиқ меҳмонон дастаҷамъона дар назди шаршараи овозадори Сари Хосор тулӯи хуршедро пешвоз гирифтанд. Шаршараи мазкур дар фарози 2010 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз баланди 57 метр ба замин сарозер мегардад.

Пас аз наҳорӣ сайёҳон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, пойи пиёда ба дараи Чангоб ва боғи бобои Турахон рафтанд, ки дар масофаи 5 километр дур аз мавзеи хушманзараи Сари Хосор ҷойгиранд.

Сайёҳон се вақт бо таомҳои лазизи миллӣ, аз қабили қурутоб, кулча бо ширу равған, ширбиринҷ ва оши палав меҳмондорӣ гардиданд.

Табиати зебою нотакрор ва насими форами водӣ ба меҳмонон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, пешниҳод намуданд, ки чунин барномаҳои саёҳати дохилӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ бештар ташкил карда шаванд.

Сентябрь 7, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад