Дар Тоҷикистон ба кормандоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ машғуланд, иловапулӣ пардохта мешавад

Сентябрь 4, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон ба кормандоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ дар сохтмон, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои қиматбаҳо,  ангишт, истеҳсоли барқ, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобилию  роҳи оҳан, роҳҳои мошингард ва иншооти он, корҳои кофтуковӣ, иктишофи геологӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ, экспедитсияҳои илмӣ, инчунин ҳамлу нақли нафту газ, корҳои доимӣ дар роҳ, кор берун аз ҷои истиқомати доимӣ ва корҳои дигари ҳаммонанд машғул мебошанд, иловапулӣ пардохт карда мешавад. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020 «Дар бораи шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ» ба тасвиб расид.

Дар қарори мазкур омадааст, ки «иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ба кормандон бо мақсади ҷуброни хароҷоти афзоянда вобаста  ба ҳар замон кӯчонидани ташкилот ё ҷудо будани кормандон аз ҷои зист муқаррар карда мешавад».

«Агар ба корманд берун аз макони истеҳсолӣ хонаи истиқоматӣ дода нашавад ва ӯ имкони ҳар рӯз  ба ҷои истиқоматии доимӣ баргаштан надошта бошад, хароҷоти кирояи манзил мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷуброни хароҷот ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешавад»,-омадааст дар санади мазкур.

Дар қарори зикршуда омадааст, ки «барои кори доимӣ дар роҳ иловапулӣ барои он коре муқаррар карда мешавад, ки  тибқи ҷадвалҳои махсус амалӣ мегардад ва вақти истироҳатии роҳи сафарро низ пешбинӣ менамояд».

Иловапулии мазкур ба кормандон дар ҷойи иҷрои кор пардохт карда мешавад. Иловапулӣ барои корҳое, ки дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ мебошанд, мумкин аст ба тариқи кортҳои бонкӣ пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасонӣ аз корманд маблағ ситонида намешавад.

Сентябрь 4, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд