Дар Тоҷикистон телевизиони «Илм ва табиат» таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2020 Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» қарор қабул намуд, ки тибқи он Оиннома ва сохтори муассисаи мазкур тасдиқ карда шуд. Дар шабакаи нав 87 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ Аҳлиддин Салоҳзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
-Дар Оинномаи тасдиқшудаи муассисаи навтаъсиси «Илм ва табиат» омадааст, ки шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш мекунад,-гуфт Аҳлиддин Салоҳзода.
Мақсад аз ташкили ин муассиса-таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо хабару гузоришҳои илмӣ, барномаҳо оид ба дастовардҳои олимони дохилу хориҷи мамлакат, барномаҳои ҷолиб барои дӯстдорони табиат ва дигар барномаҳо мебошад.
Мавриди зикр аст, ки 18 марти соли равон дар вохӯрӣ бо олимони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карданд, ки дар муддати шаш моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис диҳад. Дар ин шабака ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ созанд.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид моҳи июли имсол иброз намуда буд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ду шабакаи телевизионии нав таъсис медиҳад. Барои таъсиси шабакаҳои нав низомномаву лоиҳаҳо таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардиданд.








Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд






