Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуданд

Сентябрь 17, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия зимни баргузории ҳамоиши видеоӣ бо намояндагони вазорату идораҳои марбута ва доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат баррасӣ гардиданд. Дар  ҳамоиши фосилавӣ  180 нафар соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия иштирок намуда, молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои худро, ки ба содирот нигаронида шудаанд, муарифӣ намуданд ва барои содироти молу маҳсулот ва технология  дархостҳои тиҷоратӣ ирсол доштанд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Туркия, Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон, Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK)  аз созмондиҳандагони ин  ҳамоиши видеоӣ буданд.

Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиши видеоӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ  Шарафҷон Шерализода, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати мамлакат Одил Сангов  ва  намояндаи  КВД «Тоҷинвест» Сахӣ  Диловаров, инчунин аз ҷониби  Туркия  муовини  Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия Гонҷа Йилмаз Батур, Раиси Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак, Раиси Шӯрои соҳибкории Туркия – Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саатчиоғлу   иштирок ва сухан карданд.

Иштирокдорони ҳамоиш муҳимтарин масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркияро дар шароити пандемия,  хусусан ҷалби сармоя ва соҳибкорони  Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, воридоти технологияҳои наву муосир, табодули таҷрибаи соҳибкорони ҳарду давлат ва рушди содиротро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҳамоиши видеоӣ доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва  Туркия доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ,  сохтмон ва энергетика табодули назар намуданд. Иштирокдорони ҳамоиши видеоӣ дар бахшҳои алоҳидаи В2В тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокӣ, нассоҷӣ,  сохтмон  ва энергетика матраҳ намуданд.

Сентябрь 17, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид