Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони Душанбе ҷамъбаст гардид: дастаи ДТТ мақоми аввалро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар майдони варзишии «Душанбе–Арена» маросими ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд доир гардида, дастаи яккачини Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ғолиби ҷойи аввал дониста шуд. Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи дуюм, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода иттилоъ дод.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Маҳмадализода ва дигар масъулини соҳаи варзиши шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 13 cентябр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт аз рӯи 4 намуди варзиш: футболи хурд, волейбол миёни духтарон, шоҳмот ва гӯштини миллӣ доир шуд.
Мақсад аз аз баргузор намудани Фестивали мазкур, пеш аз ҳама, самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






