Форуми соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон доир гардид

Сентябрь 28, 2020 13:41

ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии мамлакат дар Форуми дуюми миллии соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ), ки дар мавзӯи «Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоии содиротӣ ва воридоти ивазкунанда, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ – самти афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон» дар  Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд. Форум бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар форум соҳибмулкон, роҳбарон, мутахассисони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, шарикони байналмилалии рушд мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба вазъи кунунӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти коркарди ниҳоии нахи пахта, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ, вазъи ҳозираи корхонаҳо, истифодаи тавоноиҳои мавҷудаи истеҳсолотӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа табодули назар сурат гирифт.

Раиси Шӯрои ИРБаХТ Файзалӣ Раҷабов гуфт, ки «сарфи  назар аз мушкилоти пешомада, аксари корхонаҳои соҳа тавонистанд сари вақт ба талабот ва воқеиятҳои нави бозор мутобиқ гарданд ва истеҳсоли ниқобу либоси муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монданд. Корхонаҳо дар ҳадди зарурӣ бозори мамлакатро таъмин карданд ва бо ҳамин роҳ ба ҷомеа ва давлат кумак расониданд».

Роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Камолов мегӯяд, ки «бо сабаби баста шудани сарҳадҳо дар саросари минтақа корхонаҳо ба мушкили камбуди таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ мувоҷеҳ гардиданд. Барои  сари вақт фиристодани маҳсулот дар марзҳо мушкил пеш омад, ҳаҷми фурӯш ва фармоишҳо кам шуд. Дар натиҷа баъзе корхонаҳо маҷбур шуданд, ки кормандонашонро ихтисор кунанд ва баъзеи дигар барои муддате аз кор монданд. Вазъи пешомада нишон дод, ки ворид кардани фанновариҳои навини интернетӣ ба соҳа то чӣ андоза аҳамияти аввалиндараҷа дорад».

Зикр шуд, ки танҳо дар сурати фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, баланд бардоштани дараҷаи дониши ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, касбии соҳибкорон, гирифтани монеаҳои рушди савдо, омода  намудани мутахассисони муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосии босалоҳият, самаранок истифода бурдани  иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъмини рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии мамлакат таъмин шуда, он барои ноил шудан ба ҳадафи таъмин намудани коркарди ниҳоии нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамояд.

Сентябрь 28, 2020 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда