Намояндагони кишварҳои ИДМ дар бораи ҳамгироӣ дар ҷараёни иҷлоси 75-умин Ассамблеяи Генералии СММ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 сентябр машваратҳои нақшавии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шакли видеоконфронс доир гардиданд.
Дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон (ба ҳайси нозир), Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокдорони машваратҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, баррасӣ намуда, роҷеъ ба авлавиятҳои кишварҳои худ дар робита ба рӯзномаи иҷлоси 75-уми Созмон изҳори назар намуданд.
Дар ин росто, дар бораи авлавиятҳои ҷониби Тоҷикистон низ маълумоти муфассал дода шуда, зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда ҷиҳати муқовимат ба бемории сироятии COVID-19 ва таҳдиду чолишҳои дигари амниятии ҷаҳонӣ таъкид гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ инчунин доир ба интихобот дар мақомоти СММ ибрози назар карда шуд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






