ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории қалб ва марг аз онро то 80 фоиз пешгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 29 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дил таҷлил мешавад. Ин ҷашн бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил соли 1999 ташкил шуда, ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал Рӯзи байналмилалии дил якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мешуд ва шурӯъ аз соли 2011 ин сана ҳамасола 29 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Ба андешаи мутахассисон, тарзи нодурусти зиндагӣ, камҳаракатӣ ва истеъмоли нодурусти ғизо сабабҳои зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидаанд.
Тавре зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши бемориҳои музмини Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил Баҳодур ЗОКИРОВ иброз дошт, ҳоло дар ҷаҳон гирифторӣ ба бемориҳои дил зиёд ба назар расида, он яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбӣ гирифтор шудани одамон гардидааст.
«Бино ба андешаи олимони соҳа, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, дуруст ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои дуруст ва ҳаракати ҷисмонӣ метавонад ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории дил ва марг аз онро то 80 фоиз пешгирӣ намояд»,- гуфт Баҳодур Зокиров.
Ба зикри номбурда, солҳои охир бемории дил ҷавон шуда, дар байни ҷавонон бештар ба чашм мерасад. Сабабҳои асосии гирифторӣ ба бемории дилу рагҳои хунгард фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, вайроншавии ҳолати асабию рӯҳӣ, баландшавии миқдори холестерин дар таркиби хун, тарзи нодурусти ҳаёт, истифодаи зиёди тамоку ва истеъмоли барзиёди машрубот мебошанд. Аз ин рӯ, барои дучор нашудан ба ин гуна бемории хатарнок ҳар шахс бояд аз хурдсолӣ ба варзиш машғул шуда, ғизои солим истеъмол намояд.
Тибқи омори мавҷуда, ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 17 миллион одамон аз бемориҳои дил мефавтанд. Ба андешаи табиби ҷарроҳи дилу рагҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард Ҳофиз ЮЛДОШЕВ, баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, вайроншавии мубодилаи чарбу дар бадани инсон ва истеъмол накардани ғизои солим омилҳои асосии беморӣ маҳсуб мешаванд. Инчунин пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар вобаста мебошад.
Номбурда мурдашавии қисмати мушаки дил, яъне инфарктро ба асабонӣ шудани одамон рабт дода, иброз медорад, ки дар натиҷаи ҳассосияти психоневрологӣ якбора тарангшавии рагҳои хунгарди мушаки дил (рагҳои коронарӣ) ба вуҷуд омада, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад.
«Ҳоло дар кӯдакони навзод низ бемории дил зиёд ба назар расида, аксарияти он модарзодӣ мебошад. Сабаби пайдошавии нуқсонҳои модарзодии дил гуногун мебошад. Ҳангоми пайдошавии узвҳои ҷанин дар ҳафтаҳои 4-8-уми ҳомиладории зан системаи дилу рагҳо инкишоф меёбад. Агар дар ин давра ба организми зани ҳомила омилҳои хатарнок таъсир расонанд, аз ҷумла беморшавӣ дар 3-моҳаи аввали ҳомиладорӣ, асабоният, носолимии оила ва истеъмоли ҳар гуна доруворӣ, ки ба ҷанин таъсир доранд, ин ҳолат метавонад сабаби асосии пайдо шудани нуқсонҳои модарзодии дил ва тамоми узвҳо дар системаи организми кӯдак гардад»,- гуфт ҷарроҳи дилу рагҳо.
Ҳофиз Юлдошев бар ин назар аст, ки барои пешгирӣ аз пайдошавии бемориҳои дилу рагҳо сараввал ба солимии худ аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст.
Тибқи тавсияи мутахассисон, нафаре, ки фаъолияти кории якранг дораду ҳаракати ҷисмонӣ кам мекунад, бояд дар байни 2 соат 10 — 15 дақиқа қадам зада, дасту пойҳоро ҳаракат диҳад ва гардиши хунро фаъол гардонад, то рагҳои бекорхобида ба кор даромада, фаъол шаванд. Дар ҳолати фаъол нагардонидани рагҳо онҳо чарбу гирифта, дар оянда ба бемории ишемикии дил ва сактаи дил оварда мерасонанд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд






