Инъикоси ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ВАО-и Миср
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари агентиҳои иттилоотии ҷаҳонӣ солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Арабии Миср, аз ҷумла «Ал-ахбар-ал-явм», «Ал-мисрӣ-ал-явм», «Баладна нюс», «Шбабинил» ва «Рузалюсуф» қарор дошт.
Тавре ВАО-и мисрӣ менависанд, Тоҷикистон 9 сентябр 29-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии худро таҷлил менамояд. Истиқлолият давлатӣ, ки 29 сол пеш ба даст омад, дар таърихи Тоҷикистон падидаи сиёсиву тақдирсоз мебошад. Ин сана воқеан оғози давраи навини таърихи давлати тоҷикон ва марҳилаи нави ташаккули тафаккур ва фалсафаи идораи давлатӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон тазаккур дода мешавад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон офаридаи даврони истиқлолият буда, бунёдгузору наққоши асосии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.
Ҳамакнун, менависанд ВАО-и мисрӣ, бо гузашти солҳо собит шуд, ки барои Тоҷикистон, ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам, сиёсати дарҳои кушода беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷист. Ин сиёсат ба маънои эъломи омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст.
Ҳамчунин ёдовар мешаванд, ки Миср яке аз аввалин кишварҳое дар ҷаҳон буд, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1 январи соли 1992 эътироф намуд ва то имрӯз байни Миср ва Тоҷикистон 12 созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидаанд.













ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






