Кохи Наврӯз — муъҷизаи муосири сайёҳӣ-бардошт аз ҳамоиш дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии «Кохи Наврӯз» ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумита, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, муассисаҳои олии таълимӣ, ки барои соҳаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ҳунармандон ва коршиносони соҳавӣ ширкат доштанд.
“Кохи Наврӯз” бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ифтихори халқи тоҷик аст. Дар ин кохи муҳташам чорабиниҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ бо ҳузури сарони кишварҳои олам баргузор карда мешаванд.
Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, қариб 40 ҳазор метри мураббаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Ҳамчунин толорҳои хурду калон, айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва мусиқӣ ба бино шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, кошинкорӣ аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангу бор, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва оинабандӣ оро дода шудаанд.
21 июни соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ба муносибати Рӯзи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ муаррифӣ карда шуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд «Кохи Наврӯз»-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи СҲШ пазируфта шуд. Ҳозирин бо санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ аз наздик шинос шуданд.
Лоиҳаи «8 муъҷизаи СҲШ» — ин силсилаи муаррифии иқтидорҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад, ки аз ҷониби котиботи Созмон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ омода гардидааст. Мақсади асосии он муаррифии муъҷизаҳои миллии ҳашт давлати аъзо, маҳсули эҷоди фарҳангӣ ва сайёҳии мардумони минтақаи СҲШ ба ҷаҳониён мебошад.
Имрӯзҳо “Кохи Наврӯз” яке аз маконҳои асосии ташрифи сайёҳон ба шумор рафта, ганҷинаи муҳими шаҳри Душанбе мебошад. Тамоми меҳмонони сатҳи баланд, сайёҳони дохилию хориҷие, ки ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд, ҳатман аз ин макон дидан менамоянд ва бо санъати нотакрори миллати тоҷик шинос мегарданд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд






