Кохи Наврӯз — муъҷизаи муосири сайёҳӣ-бардошт аз ҳамоиш дар Душанбе

Сентябрь 4, 2020 15:37

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии «Кохи Наврӯз» ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумита, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, муассисаҳои олии таълимӣ, ки барои соҳаи  сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ҳунармандон ва коршиносони соҳавӣ ширкат доштанд.

“Кохи Наврӯз” бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ифтихори халқи тоҷик аст. Дар ин кохи муҳташам чорабиниҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ бо ҳузури сарони кишварҳои олам баргузор карда мешаванд.

Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, қариб 40 ҳазор метри мураббаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Ҳамчунин толорҳои хурду калон, айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва мусиқӣ ба бино шукӯҳу шаҳомати хоса  мебахшанд. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, кошинкорӣ аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангу бор, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва оинабандӣ оро дода шудаанд.

21 июни соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ба муносибати Рӯзи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ муаррифӣ карда шуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд «Кохи Наврӯз»-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи СҲШ пазируфта шуд. Ҳозирин бо санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ аз наздик шинос шуданд.

Лоиҳаи «8 муъҷизаи СҲШ» — ин силсилаи муаррифии иқтидорҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад, ки аз ҷониби котиботи Созмон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ омода гардидааст. Мақсади асосии он муаррифии муъҷизаҳои миллии ҳашт давлати аъзо, маҳсули эҷоди фарҳангӣ ва сайёҳии мардумони минтақаи СҲШ ба ҷаҳониён мебошад.

Имрӯзҳо  “Кохи Наврӯз” яке аз маконҳои асосии ташрифи сайёҳон ба шумор рафта, ганҷинаи муҳими шаҳри Душанбе мебошад. Тамоми меҳмонони сатҳи баланд, сайёҳони дохилию хориҷие, ки ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд, ҳатман аз ин макон дидан менамоянд ва бо санъати нотакрори миллати тоҷик шинос мегарданд.

Сентябрь 4, 2020 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст