Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Точикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода рӯзи истироҳат якдилона ба ҷамъоварии ҳосил баромада, ба саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Комёр»-и шаҳри Ваҳдат кумаки амалӣ расониданд. Дар замини пахтазори хоҷагӣ, ки 5,5 гектарро ташкил медиҳад, ҳосил хеле фаровон буда, бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ кишоварзон талош доранд онро пурра ҷамъоварӣ намуда, фоидаи хуби иқтисодӣ ба даст биёранд. Роҳбарони Кумитаи давлатӣ, сардорони сарраёсату раёсат, шуъбаву бахшҳо ва мутахассисон фаъолона дар ин тадбир иштирок намуданд.
Ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарият ва кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодеиро масъулини хоҷагии деҳқонии «Комёр»-и шаҳри Ваҳдат хеле хуш истиқбол намуданд. Зеро ба гуфтаи онҳо, дар ин мавсим ҳар соат барои ҷамъоварии ҳосил муҳим аст. Дар сурати ҳамовозӣ пайдо намудани ин тадбир имкон фароҳам мешавад, ки хоҷагидорон зимни ҷамъоварии ҳосил ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд.
Дар маҷмӯъ, рӯзи ҳашар аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатӣ 1 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардида, онҳое ки пахтаи бештар ҷамъоварӣ намудаанд, ҳамчун иштирокчии фаъол аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






