Лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия карда, то охири соли 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар имрӯз зимни ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба таҳияи лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030», ки дар Кумитаи мазкур баргузор гардид, иброз дошт.
Дар ҷаласа кормандони Кумитаи рушди маҳал, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.








Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад






