Лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030» таҳия мегардад

Сентябрь 15, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия карда, то охири соли 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар имрӯз зимни   ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба таҳияи лоиҳаи  «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои  давраи  то соли 2030», ки дар Кумитаи мазкур баргузор гардид, иброз дошт.

Дар ҷаласа кормандони Кумитаи рушди маҳал, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Сентябрь 15, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст