Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар Москва

Сентябрь 10, 2020 08:11

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Москва  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманиам Ҷайшанкар мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва рушди минбаъдаи муносиботи  гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар соҳоти сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва ҳарбӣ-техникӣ муҳокима карданд.

Дар мавриди як қатор масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон С. Ҷайшанкар С. Муҳриддинро самимона ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ба ҷониби Ҳиндустон барои кумаки башардӯстонааш ба Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо тавсеаи уфунати коронавируси нав изҳори миннатдорӣ карда шуд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Сентябрь 10, 2020 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд