Намояндагони Бонки Авруосиёии рушд, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд аз МОИ «Кӯлоб» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии мавҷуда дар мулоқоти роҳбарони намояндагии Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Паша Садихов, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд Масрур Назриев ва роҳбари минтақаи мазкур Мустафо Абдуллозода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби маблағҳои грантии Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушдро барои бунёди инфрасохтори аввалиндараҷаи МОИ «Кӯлоб», аз ҷумла таъминот бо барқ, об, ташноб, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи кашидани роҳи оҳан мавриди муҳокима қарор дода, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ин самт ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Намояндагони Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд ҳамзамон бо раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода вохӯрӣ намуда, лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории шаҳри Кӯлобро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва молия ба намояндагии Бонки Авруосиёгии Рушд пешниҳод гардидааст, мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин раванд имконият ва роҳҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасрафи светодиодӣ ва дигар асбоби барқӣ, аккумулятор, лифт, шиша, равғани растанӣ, коркарди меваю сабзавот, коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва истеҳсоли пойафзол ва дигар корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Бо истифода аз таҷрибаи дигар бонкҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантию қарзӣ барои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» бо маблағи 5 млн. доллари ИМА, лоиҳаи «Таъмини аҳолӣ бо нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, аз ҷумла 20 автобуси калон, 40 микроавтобуси замонавӣ ва ба кор даровардани парки мошинҳои замонавии шаҳр» 3 млн. доллари ИМА пешниҳод гардид.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Бонки Авруосиёгии Рушд ва Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд ва МОИ “Кӯлоб” ҷаласаи корӣ ташкил намуда, дар он масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳо ба татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории шаҳри Кӯлоб, бахусус лоиҳаҳои ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” воридгардида мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шавад.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






