Намояндагони Бонки Авруосиёии рушд, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд аз МОИ «Кӯлоб» боздид намуданд

Сентябрь 11, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар  самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии мавҷуда дар мулоқоти роҳбарони намояндагии Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Паша Садихов, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд Масрур Назриев ва роҳбари минтақаи мазкур Мустафо Абдуллозода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби маблағҳои грантии Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушдро барои бунёди инфрасохтори аввалиндараҷаи МОИ «Кӯлоб», аз ҷумла таъминот бо барқ, об, ташноб, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи кашидани роҳи оҳан мавриди муҳокима қарор дода, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ин самт  ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Намояндагони Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд ҳамзамон бо раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода вохӯрӣ намуда, лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории шаҳри Кӯлобро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва молия ба намояндагии Бонки Авруосиёгии Рушд пешниҳод гардидааст, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин раванд имконият ва роҳҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасрафи светодиодӣ ва дигар асбоби барқӣ, аккумулятор,  лифт, шиша, равғани растанӣ, коркарди меваю сабзавот, коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва истеҳсоли пойафзол ва дигар корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ  мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Бо истифода аз таҷрибаи дигар бонкҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантию қарзӣ барои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»  бо маблағи 5 млн. доллари ИМА, лоиҳаи «Таъмини аҳолӣ бо нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, аз ҷумла 20 автобуси калон, 40 микроавтобуси замонавӣ ва ба кор даровардани парки мошинҳои замонавии шаҳр»  3 млн. доллари ИМА пешниҳод гардид.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Бонки Авруосиёгии Рушд ва Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд ва МОИ “Кӯлоб” ҷаласаи корӣ ташкил намуда, дар он масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳо ба татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории шаҳри Кӯлоб, бахусус лоиҳаҳои ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” воридгардида мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шавад.

Сентябрь 11, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт