Обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябри соли 2020, соати 24:00, обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак»-манбаи асосии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод.
Номбурда зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъу маҳдуд намудани интиқоли барқ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, инчунин чорабиниҳои техникии роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» имконият фароҳам оварданд, ки барои истеҳсоли барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар обанбори асосии мамлакат ба қадри зарурӣ об захира карда шавад.
ШСХК «Барқи Тоҷик» ба диққати муштариён мерасонад, ки дар тамоми мавсими дар пешистодаи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз барқ сарфакорона истифода бурдан омили муҳими таъминоти мамлакат бо барқ мебошад.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид






