ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад

Сентябрь 29, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.    Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 5+10 ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  ва рӯзона 9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда мешавад.  Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 15 +20 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда мешавад. Рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 19+21 дараҷа  гарм мешавад.

Сентябрь 29, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад