Пагоҳ бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оғоз мегарданд

Сентябрь 21, 2020 10:06

ДУШАНБЕ, 21.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Замони  баргузории бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум гардид. Бозиҳои нимниҳоӣ 22-23 сентябр ва бозии ниҳоӣ 10 октябр баргузор мешаванд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 22  сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад. Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ бо дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и  шаҳри Турсунзода рақобат мекунад.

Дар бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 23  сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад, дастаи  мизбон — «Хатлон» -и шаҳри Бохтар бо  дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад. Ҳарду бозии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020  соати 15:00 оғоз меёбанд.

Ёдовар  мешавем, ки  бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10  октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе  баргузор  мегарданд. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

Имсол ҷадвали мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар марҳила аз як бозӣ иборат аст. Агар замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, он гоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегарданд. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, он гоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум хоҳад кард.

15 сентябр   бозиҳои   даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол ба анҷом расида буданд. Дар баробари дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар дастаҳои   «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои  чорякфинал  дастаи  футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи  «Локомотив-Помир»  бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар  дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври ¼- ниҳоӣ

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 91 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 111 (4:2).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайидаҳмад (Умедҷон Бадалов, 83), Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷон Фаррухзод (Сайидхони Амрохон, 81), Шодӣ Муродов (Зокир Абдулхайров, 74), Наврӯз Рустамов, Далер Чолов (Сиёвуш Назирмадов, 74), Музаффар Назаров.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Марко Милич, Ваҳдат Ханонов, Рустам Соиров, Ромиш Ҷалилов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 94).

Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Амирҷони Фаррухзод, Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Сайидамири Сайидахмад, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»), 71 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

13 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Эсхата» – «Хатлон» – 0:1

Гол: Сорбон Авғонов, 32.

«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Умедҷон Одинаев, Амирҷон Ҳомидов, Дилшод Каримов, Боҳирҷон Сангинбоев (Абдураҳмон Узоқов, 71), Анвархон Темурхонов (Икром Каримҷонов, 62), Иброҳим Эшонхонов (Амирҷон Раҳимов, 71), Фирдавс Икромбеков (Ҳумоюн Азимов, 62), Ҷӯрабой Исоев (Рустамҷон Сабуров, 56), Мубинҷон Муъминов.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Равшан Азизов, Саидшо Бозоров, Муҳаммадҷон Насков (Фирдавс Алиназаров, 90+5), Тони Бикатал (Сафиоллоҳи Назарзода, 28), Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов (Мфуапон Аласса, 78), Худойдод Узоқов (Суннатулло Исмоилов, 78), Парвиз Боқӣ-Охунов.

Огоҳӣ гирифтанд: Боҳирҷон Сангинбоев, Дилшод Каримов («Эсхата»), Саидшо Бозоров («Хатлон»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Сорбон Авғонов («Хатлон»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

15 сентябр (сешанбе)

 «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»  2:4

Голҳо: Шавкати  Ҳотам, 14 (0:1). Эмомали Аҳмадхон, 22 (1:1). Ҷонибек Шарипов, 34 (2:1). Шавкати  Ҳотам, 59 (2:2). Шавкати  Ҳотам, 63 (2:3). Иброҳим Зокиров, 90+2 (2:4).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

«Истаравшан» – «Кӯктош» 5:4

Голҳо: Мбеке  Диудони – 0:1. Илҳом Баротов – 1:1. Далер Ёдгоров – 1:2. Саиддостон Фозилов – 2:2. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа – 2:3. Отабек Каримов – 3:3. Собирҷон Холматов – 3:3 (вратарь). Беҳруз Хайриев – 4:3. Ҳикматулло Расулов – 4:4. Салам Ашурмамадов – 5:4.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/2 финал

22-юми сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

23-юми сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хатлон» – «Истаравшан»

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Финал

10-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Ғолиби ҷуфти нимфинал «Равшан»/«Регар-ТадАЗ» — Ғолиби ҷуфти нимфинал «Хатлон»/«Истаравшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Сентябрь 21, 2020 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд