Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ ҶДММ «ТАЛКО Флюорит»-ро ба истифода доданд

Сентябрь 12, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 12.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Саратоғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар майдони 9 гектар бунёд гардида, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология 10 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардидааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолкунандаи консентрати флюорит истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, мутахассисон васлу насби онро дар муҳлати кӯтоҳ пурра ба анҷом расонидаанд.

Тавре таъкид гардид, коргарони корхонаи «ТАЛКО Флюорит» дар самти идоракунии технология ва истеҳсоли консентрати флюорит таҷрибаи ғанӣ дошта, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода бурда, тавлиди маҳсулоти рақобатпазирро роҳандозӣ менамоянд.

Иқтидори ин корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли консентрати флюорит дар як шабонарӯз дар навбати аввал аз 100 то 120 тоннаро ташкил дода, баъди татбиқи пурраи лоиҳа ин нишондод ба 200 тонна баробар мешавад.

Айни замон дар корхонаи навтаъсис 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли консентрати флюорит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқи пурраи лоиҳа ё худ ба кор даровардани иқтидорҳои нав дар ин корхона шумораи кормандон ба 240 нафар расонида мешавад.

Тибқи маълумоти масъулон, дар корхонаи мазкур дар асоси лоиҳа бояд 3 партовгоҳи истеҳсолӣ бунёд карда шавад. Айни замон бо инобати иқтидори мавҷуда як партовгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, анбори ҷамъоварии ашёи хом ҳам бо ғунҷоиши 15 ҳазор тонна маъдани флюорит дар масоҳати 3 гектар бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулон ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит» дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиии ин мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад.

Ашёи хом ё худ маъдан аз масофаи 25 километр аз кони Қазноқ ба ин корхона оварда шуда, мавриди коркард қарор мегирад. Дар ин мавзеъ боз ду кони дигар мавҷуд аст, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ имкон аст нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ боз ҳам афзун гарданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит» дар самти содироти маҳсулот аллакай бо се ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Баъди ба кор даровардани корхонаи «ТАЛКО Флюорит» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Канчочи ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» шинос шуданд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо ҷалби 800 нафар сохтмончӣ ва истифодаи зиёда аз ҳазор мошину механизм бомаром идома дошта, то имрӯз ҳудуди 25 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст, ки ба гуфти масъулон, 85 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи маъдантозакунӣ, ки 14 коргоҳро дар бар мегирад, 60 дарсад иҷро гардида, дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар низ бунёд карда шудааст. Тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарсидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ амалӣ гардидааст.

Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд мешавад, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад.

Ин иншоот дорои сарбанди регӣ буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Дар ин иншооти муҳим то имрӯз 45 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.

Ҳамчунин барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» бо насби 98 такягоҳи оҳанӣ аз масофаи қариб 30 километр хати интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида шуда, як зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110/10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст. Ҳамзамон аз роҳи Душанбе — Чаноқ то расидан ба ин мавзеъ се пул бунёд ва боқимонда таъмиру навсозӣ шудаанд.

Оянда дар ҳудуди ин муҷтамаи истеҳсолӣ як неругоҳи барқи обӣ низ бунёд карда мешавад.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон мебошад, бунёд карда мешавад. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма- асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда, то имрӯз дар ин минтақа корҳои иктишофӣ-геологӣ 90 фоиз иҷро гардидаанд.

Тибқи маълумоти масъулон, захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 15 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 24 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузошта буданд.

Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончочи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» соли 2021 дар назар аст.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Айнӣ дидан намуданд.

Тавре таъкид гардид, соли равон кишоварзони ноҳияи Айнӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар 2 ҳазору 932 гектар зироати тирамоҳӣ ва баҳорӣ кишт намуданд, ки аз ин нишондод 1 ҳазору 224 гектарро ғалладонагиҳо, 1 ҳазору 16 гектарро картошка, қариб 144 гектарро сабзавот, 1,2 гектарро зироати техникӣ ва 548 гектарро хӯроки чорво ташкил медиҳад. Майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 271 гектар зиёд карда шуд. Дар натиҷаи заҳмат ва истифодаи оқилонаву самараноки замин то имрӯз хоҷагиҳои деқонӣ 6 ҳазору 570 тонна картошка ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар ноҳияи Айнӣ майдони боғ 934 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 7 гектараш боғи интенсивӣ мебошад. Соли равон хоҷагидорон дар 7 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ, яъне талу теппаҳо боғҳои нав бунёд кардаанд.

Ба истифода додани ҶДММ “ТАЛКО Флюорит” дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ 12.09.2020

Сентябрь 12, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд ва ба маъракаи чиниши пахта дар хоҷагии ёрирасони ҶСК «Ҷасур» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» оғози расмӣ бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ карданд ва ба 40 нафар ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Зафаробод»-ро ифтитоҳ намуданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ва ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии «Диёр»
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5500-солагии Саразм
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм мулоқот карданд
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-ро ифтитоҳ карданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Воисовҳо дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд

Хабарҳои муҳимтарин