Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиро дар ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 25, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои хонаҳои истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмӯъ аз 36 ҳуҷра иборат мебошад.

Роҳбари давлат калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супорида, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи шахсии Роҳбари давлат нисбат ба шахсони яккаву танҳо, ба як оила, ки ятими кулл ба воя расидаанд, дар бинои мазкур хонаи истиқоматӣ ҳадя карда шуд. Таъкид гардид, ки минбаъд ҳам ғамхориву кумакрасонӣ ба чунин нафарон идома ёфта, тамоми тадбирҳо андешида мешавад, то ин ки нафарони эҳтиёҷманд ба танқисӣ дучор нагарданд.

Дар хонаҳои ин бинои баландошёна барои зиндагӣ дар он имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рузгор таъмин буда, дохили ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, бо сифати баланд ва санъати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи иншооти нав бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфтааст.

Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони идораву корхонаҳои давлатие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта, ниёз ба хонаи истиқоматӣ доштанд,  тақдим гардид.

Барои чунин дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави чунин ғамхориҳо, кӯшиш мекунад, ки рисолати бардӯшдоштаашонро дар самти таъмини рушди бахшҳои гуногунии хоҷагии халқи мамлакат бо дилу нияти пок ба анҷом расонанд.

Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии кормандони касбу кори гуногун ва фароҳам намудани имконияти кору фаъолият ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин доира дар саросари мамлакат ҳамасола чунин биноҳои замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ бунёду ба истифода дода мешавад, ки ин раванд аллакай мушкилоти зиёди ниёзмандонро бо хонаҳои истиқоматӣ ҳал намудааст.

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Мӯъминобод 25.09.2020

Сентябрь 25, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд